Семинари навбатии илмӣ-амалӣ
Ҳафтаи сипаригардида дар Маркази минтақавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он унвонҷӯён ва олимони ҷавон натиҷаи корҳои таҳқиқотии 5 солавӣ баррасӣ карданд. Билолзода С. баромади худро дар асоси тадқиқоти физикию-химиявии коркарди маъдани оҳандори кони Харангони Тоҷикистон тавсия намуд.
Ҳафтаи сипаригардида дар доираи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" ва дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Семинари илмӣ таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардид, ки дар он унвонҷӯён, ходимон ва олимони ҷавони илмӣ аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи “Коркарди ашёи хоми минералӣ”-и Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд. Дар семинари мазкур натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии дар доираи мавзӯи илмии озмоишгоҳи “Коркарди ашёи хоми минералӣ”-и Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ дар панҷ соли охир баррасӣ карда шуданд.
Дар доираи семинари мазкур, унвонҷӯи озмоишгоҳи “Коркарди ашёи хоми минералӣ”-и Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ, Билолзода Суҳроб Маҳмадбилол вобаста ба рисолаи илмии омода кардаи худ дар мавзӯи «Асосҳои физикавию химиявии коркарди кислотагии маъданҳои оҳандори (магнетит)-и кони Харангони Тоҷикистон» баромад кард. Билолзода С. дар баромади худ дарҷ намуд, ки коркарди ашёи хоми минералӣ, яке аз самтҳои асосии рушди истеҳсолоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти пурарзиш амалӣ карда мешавад. Инчунин Билолзода Суҳроб қайд намуд, ки дар рафти гузаронидани таҳқиқоти мазкур бори аввал қонуниятҳои физикию-химиявии коркарди кислотагии маъдани оҳандори кони Харангони Тоҷикистон ба таври мукаммал тадқиқ карда шуданд ва механизми гузариши раванди таҷзияи магнетит бо усули кислотагӣ бо таври эксперименталӣ асоснок карда шуданд.